Китоб фарогири қиссаҳои пурҳикмат ва ибратомўз аз ҳаёти рўзмарраи босаодати халифаи сеюми мусулмонон Амирулмўъминин Усмон ибни Аффон (р) мебошад. Китоб барои доираи васеъи ҷавонон, донишҷўён ва толибилмони мадориси динӣ, аҳли зиё ва оммаи мусулмонон тақдим мегардад. Амирулмўъминин ва саввумин хулафои рошидин ва яке аз даҳ нафари ба ҷаннат башоратдодашуда, домоди Паёмбар (с) Усмон ибни Аффони Қурайшӣ… Зи-н-нурайн ва ҳамсари ду бадри мунир.
Author: Муҳаммад Алминшови
Translators: Муҳаммадиқболи Садриддин
Ин рисола иборат аст аз: Имон овардан ба Аллоҳ Таоло ва ба фариштагон ва ба китобҳои У Таоло ва ба тамоми паёмбарон ва ба рузи қиёмат ва ба тақдири неки ва бади.
Author: Муҳаммад ибни Солиҳ Ал-Усаймин
Паёмбар (Дуову дуруд бар Ӯ бод) мефармояд: «Гурӯҳе аз умматони ман дар охируз-замон зиноро ба ғайри номаш мехонанд» (Ҳадиси шариф) Издивоҷи мутъаро инчунин издивоҷи муваққат, мунқатеъ ва сиға меноманд. Аз он сабаб мутъа номида шудааст, ки мард аз он зан дар муддате, ки қарор бастаанд, нафъу лаззат ва таматтӯъ мебардорад.
Мавзуъҳои ин мақола иборатанд аз: Маънои руза. Вақти руза. Моҳи рамазон бар ки фарз аст? Шартҳои фарзи руза чаҳорто мебошанд. Шартҳои қабули руза. Суннатҳои руза шашто мебошанд. Амалҳое ки рузаро ботил месозад. Рузаҳои мустаҳаб. Рузҳое ки руза доштанашон ҳаром аст. Хусусиятҳои моҳи рамазон. Насиҳатҳо. Закоти фитр.
Author: Абдуллоҳ ибни Чоруллоҳ ибни Иброҳим Ал-Чоруллоҳ
Publisher: Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз
Аркони Имон, рукни аввали имон, ва ягонагии Худованд, ва парастиши Худованди ягона ва маънои калимаи шаҳодат, ва навъҳои ширк, ва маънои ибодат, ва далелҳои воридшуда дар Қурону суннат дар бораи ягонагии Худованд, ва дигар гуфтаниҳо дар мавриди ягонагии Худованд, инҳо мавзуъҳое ҳастанд ки ин китобча дар бар гирифта аст.
Author: Маркази таҳқиқоти илми, Донишгоҳи исломии Мадинаи Мунаввара
Reveiwers: Мусъаби Ҳамза
Рисолаи мухтасар ва муфид дар мавзӯъи муҳим , ки барои ҳар як мусалмон донистанаш зарур аст, Шинохтани Худованд, дини Ислом ва шартҳои Ло Илоҳа илла Аллоҳ, навоқизи Ислом, ва анвоъи тавҳид, ва дигар мавзуъҳои муҳим барои ҳар як мусалмон.
Author: Абдуллоҳ Ал-Қарови
Translators: Исҳоқ ибни Абдуллоҳ Аддабири Ал-Авази
Publisher: Дафтари таъовуни барои даъват ва роҳнамоии муҳоҷирони кории хориҷи, Рабва – шаҳри Риёз